Як гурӯҳи мухолифини Русия рӯзи чоршанбе овезаеро бо ин даъват ки “Путин, бирав!” дар як боми рӯбарӯи Кремл овехт. Ин овезаи зарду сиёҳ бо акси хаткашидаи сарвазир Владимир Путин қад-қади рӯди Маскав афрохта шуда буд. Пулис баъдан овезаро канд ва гуфт, ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард. Овеза рамзи ҷунбиши мухолифи “Солидарност”-ро дошт. Раҳбари ин гурӯҳ Иля Яшин гуфт, онҳо шиори худро дониста дар рӯбарӯи Кремл баланд карданд, чунки “Путин раҳбари Кремл буду ҳаст.” Путин қасд дорад, дар интихоботи 4 март ба даври севуми раёсат даст биёбад. Мухолифин рӯзи 4 феврал алайҳи Путин ва ин азми ӯ тазоҳуроти густарда даъват кардаанд.