Омодагӣ ба даври дувуми музокирот бо Эрон

Юкия Амано

Ожонси назорати нирӯи ҳастаии СММ гуфт, даври дувуми музокироти барномаи ҳастаии Эрон рӯзҳои 21 ва 22 феврал дар Теҳрон хоҳад гузашт. Ҳайъати баландпояи ин созмон дирӯз баъди як боздиди серӯза аз Теҳрон баргашт ва раҳбари Ожонси ҳастаӣ Юкия Амано гуфт, ин муколама “барои пешрафт дар масоили мавҷуда муҳим буд.”
Ожонси ҳастаӣ дар моҳи ноябр гузориш дода буд, ки бархе ҷанбаҳои барномаи ҳастаии Эрон шояд табиати низомӣ дошта бошад. Дар Ғарб ҳам бар ин боваранд, ки ҳадафи Теҳрон даст ёфтан ба сохтани силоҳи ҳастаист. Эрон инро радд мекунад.