Хонуми 34-солаи рус бо “шоки фарҳангӣ” рӯбарӯ шуд ва акнун намехоҳад, ба ватанаш, Русия, баргардад.
Вай ба дидорбинии духтарчааш -- Алена омад, ки ҳамроҳи падари тоҷикаш зиндагӣ мекунад. Падари духтарча, муҳоҷири собиқ, Маринаро хуб напазируфт, вале муҳити тоҷикӣ ӯро “ба оғӯш” гирифт.
Вай мегӯяд, Тоҷикистонро барои он дӯст дошт, ки мардум дар ин ҷо шароб наменӯшанд: “Ростӣ, дар Русия майзада будам ва ҳамеша сигор мекашидам. Панҷ моҳ шуд, ки на сигор мекашам ва на шароб менӯшам. Занҳои тоҷик меҳрубонанд ва маро танҳо намегузоранд.»
Марина, дар канораи Кӯлоб ҳуҷраеро иҷора гирифт ва ҳамроҳи фарзанди дуввумаш, ки он ҳам аз як муҳоҷири дигари тоҷик зода шудааст, ба сар мебарад. Онҳо аз ҳисоби нафақаи маъюбӣ ва пули иҷораи манзили Марина дар Русия зиндагӣ мекунанд. Падари Алена, шаҳрванди Тоҷикистон, нахост, бо мо сӯҳбат кунад ва хоҳиш кард, номашро нанависем. Марина аз ӯ озурда нест ва мегӯяд, ин шахс сабаби хушбахтияш шудааст. Наздикони шавҳари собиқаш бо Марина меҳрубонанд ва ҳар рӯз духтарчаашро ба назди ӯ меоранд. Замоне, ки мо ба суроғи Марина рафтем, ӯро аз хонаи ҳамсоя пайдо кардем, ки ҳамроҳи гурӯҳе аз занҳо нон мепухт. Бо кӯмаки ин занҳо ӯ то ҷое тоҷикиро омӯхтааст ва канда-канда бо ин забон ҳарф мезанад. Ӯ худро дар Тоҷикистон хушбахт меҳисобад ва аслан тасмими бозгашт ба Русияро надорад.
Бо афзоиши муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия солҳои охир шумори мардони тоҷик, ки бо занҳои рус издивоҷ кардаанд, афзоиш ёфтааст. Бино бар омори расмии Русия, дар соли 2009 бонувони Русия дар издивоҷ ба ҳамсарони украин, арман ва тоҷик бартарии бештар додаанд. Аз 29 000 издивоҷ бо хориҷиён дар шаш моҳи аввали соли 2009 дар 3500 маврид яке аз ҳамсарон шаҳрвандони Тоҷикистон будааст.
Ҳарчанд майли занони маҳаллӣ ба шавҳарҳои хориҷӣ дар Русия решаҳои таърихӣ дошта, аз хонаводаҳои шоҳӣ шурӯъ шудааст, он натавонист аз густариши бегонаситезӣ дар ин кишвар пешгирӣ кунад. Ин нишон медиҳад, ки нажодпарастӣ аз тарафи доираҳои муайяни сиёсӣ ангезиш дода мешавад.
Бо васфи ин аммо, тамоюли издивоҷи шаҳрвандони Русия бо масалан тоҷикистониҳо кам нест ва дар муқоиса бо солҳои шӯравӣ хеле бештар шудааст. Ин падидаро як таҳлилгари маркази “Сова”, ки ба омӯзиши равандҳои бегонаситезӣ дар Русия ихтисос дорад, "тазоди маишии ҷомеа"-и кишвараш шарҳ дод. Вера Алперович дар як сӯҳбати телефонӣ аз Маскав чунин гуфт: “Муҳоҷирон, қатъи назар аз миллаташон, назар ба аҳолии маҳаллӣ фаъолтаранд, чунки зербинои онҳо заъифтар аст. Ва дар натиҷа, зане, ки як марди меҳнатдӯсту солимро вомехӯрад, ки арақ наменӯшад, на марди рус, балки тоҷикро интихоб мекунад. Ва дар натиҷаи иртиботи шахсӣ, бегонаситезии ӯ ҳам канор меравад.”
Хонуми Алперович мегӯяд, ин нишонаи он аст, ки афкори нажодпарастиву бегонаситезӣ ҳанӯз ба як идеологияи воҳиди ҷомеаи Русия табдил нашудааст, ҳарчанд дар оянда вазъ бадтар хоҳад шуд.
Таҷрибаи бунёди оила бо занҳои русро мардони тоҷик ҳанӯз дар 70 соли Шӯравӣ таҷриба кардаанд. Ба фарқ аз он солҳо, ки оилаҳои “интернатсионалӣ” метавонист мояи пешрафти чунин ҳамсарон дар ҷомеа мешуд, ҳоло издивоҷ бо хонумҳои рус ва тасмими идомаи зиндагӣ дар Русия, барои бархе хонаводаҳо чун фоҷеа, барои дигарҳо, зарурат, барои гурӯҳи сеюм зиндагии беҳтар аст. Онҳое, ки аз ин издивоҷҳо хушнуд нестанд, мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд мардони тоҷик ба ҳамсарону фарзандони худ дар Тоҷикистон хиёнат мекунанд.
Вале ба андешаи онҳое, ки чандин насли хонаводаашон бо русҳо оила барпо кардаанд, чунин издивоҷҳо бартариҳои бештар дорад. Заррина Қиёмова, духтари коргардони маъруфи театр Шамсӣ Қиём ва муҳаррири студияи “Тоҷикфилм” Любов Қиёмова мегӯяд: “Модари ман, ки беш аз 90 сол умр дида, моҳи гузашта дар Душанбе даргузашт, ҳамеша мегуфт, ки аз омаданаш ба Тоҷикистон хеле хушбахт аст, чунки фикр намекард, ки тоҷикон ин қадар мардуми самимиву одамдӯст, меҳрубону ғамхор ва бофарҳанганд.”
Заррина Қиёмова худ баъдан ҳамсари хориҷӣ карду духтараш баръакс бо ҷавони тоҷик издивоҷ намуд. Вай мегӯяд, ки бартарии аслии издивоҷҳои омехта дар навшавии хуни наслҳои баъдӣ, табодули фарҳангии ҳамсарон, забондонии наслҳои баъдиву ғановати ҷаҳонбинии онҳост. Танҳо ҷиҳати манфии издивоҷҳои омехта дар сар задани низоъҳову ихтилофҳои суннатӣ, мазҳабӣ ва забонии онҳо буда метавонад, ки ғолибан аз паст будани сатҳи таҳаммулпазирӣ ва ҳам фарҳангии ҳамсарон сар мезанад.
Бо нигоҳ ба таҷрибаи зиндагии худ, хонум Қиёмова ба мардони тоҷик машварат медиҳад, ки ба тарбияи фарзандонашон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ диҳанд: “Дар гузашта ингуна буд, ки вақте кӯдак дар хонаводаи гуногунмиллат ба воя мерасид, вай ҳатман забони модарро ёд мегирифт, вале забони падар сарфи назар мешуд. Дар натиҷа, вақте ин гуна кӯдакон бузург мешаванд, аз ватани падарии худ ва решаҳояшон канда мешаванд. Ба ин роҳ додан мумкин нест.“
Вай мегӯяд, онҳое, ки ба издивоҷ бо зан ё марди бегона розӣ мешаванд, бояд ба ин масъалаҳо ҷиддан таваҷҷӯҳ кунанд. Дар сурати талоши ҳамаҷонибаи ҳарду ҳамсар, фарзандони онҳо метавонанд дар зиндагиву кор хеле муваффақ шаванд.
Вале оё Аленаи хурдсол ва духтарчаи дигари Маринаро дар канораи шаҳри Кӯлоб чӣ оянда интизор бошад? Ҳоло Марина ба қабули Ислом омодагӣ мебинад ва мегӯяд: «Намозхонии дугонаҳоям ба ман маъқул шуд. Аз онҳо фаҳмидам, ки Ислом дини хуб аст. Гуфтам, мехоҳам, мусулмон бошам. Онҳо гуфтанд, ки аввал либосатро иваз кун ва намоз хонданро биомӯз. Ҳамин, ки намозхониро ёд гирифтам, мусулмон мешавам».
Ҳабиба, ҳамсояи Марина, мегӯяд, дар рӯзҳои аввал ӯ сигор мекашид ва тез-тез менӯшид, вале чун дид, ки бо ин аҳвол занони дигар ӯро хуб қабул намекунанд, оҳиста-оҳиста тарки одат кард. Худи Марина мегӯяд, аз ҳаёте, ки дошт, шарм мекунад. Вай меафзояд нерӯву ғайрат ва илҳоми наве барои зистан ба ӯ даст додааст. Мехоҳад, коре пайдо кунад, даромад дошта бошад ва дар Кӯлоб хонаеро барои худу духтаронаш харидорӣ кунад...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад