Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки ин тасмим бар пояи муроҷиатҳои зиёди модарони танҳо, ки бо се ё чор кӯдак ва ё зиёда аз он дар нимароҳи зиндагӣ монда, имкони аз лиҳози иқтисодӣ таъмин ва тарбияи кӯдаконро надоранд, гирифта шудааст.
ОМБУДСМЕН АЗ ХОНАВОДАҲО ҲИМОЯТ МЕКУНАД
Ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки падарони ин хонаводаҳо ба муҳоҷирати корӣ рафта, солҳо боз нафақаи кӯдаконро таъмин намекунанд ва хонаводаҳои худро ба бӯҳрони равониву молӣ гирифтор кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ализода, ҷустуҷӯ ва ошкор кардани падарони "фарзандбезор", дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қудратии кишвар анҷом мешавад. Зариф Ализода гуфт: ” Мо бо Суди Олӣ ҳам мувофиқа кардем, ки аз лиҳози суди ҳуқуқи фарзандон таъмин карда шавад. Модарони зиёд муроҷиат карданд, ки шавҳарҳояшон ба Русия рафтанд, нафақа ҳам намефиристанд, мегурезанд. Мо бо Вазорати корҳои дохилӣ, консулгариҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар Русия, Ожонсии кор бо муҳоҷират корҳоро ба роҳ мондем, падарони онҳоро меёбанд ва падарони гуреза, ҳатман ҳаққи падарии худро бояд адо намоянд, яъне кӯдаконро бо нафақа таъмин кунанд.»
ҲАМ "НОНОВАР" ВА ҲАМ "ВАЙРОНКУНАНДА"-И ХОНА
Тибқи оморҳои расмӣ, ҳудуди 1 миллион шаҳрвандони кишвар бо ҳадафи муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон берун шудааст. Аммо маълумоти ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кориро, ки асосан мардҳо ҳастанд, наздик ба 2 миллион бароварда мекунад. Дар ҳоле, ки муҳоҷирати кории шаҳрвандон садҳо хонаводаро аз фақру нодорӣ раҳо кардааст, аммо боз даҳҳо хонаводаи дигарро бе луқмаи нон гузоштааст. Бисёре аз муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар дубора оила бунёд карда ва ҳамсари худро аз тариқи телефон ё СМС талоқ додаанд.
Олима, модари як фарзанд буда 4 соли пеш аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат ҳамсараш боре ба ӯ ва фарзандаш кӯмаки молӣ накард. Хонум Олима меафзояд, шавҳараш ин ҳама сол ба Тоҷикистон наомада буд ва имсол ногаҳон пайдо шуд. Вале на барои дидорбинии фарзанд ва кӯмак ба ӯ, балки барои издивоҷ бо як духтари ҷавон.
Ҳамакнун Олима қасд дорад, ки бо кӯмаки мақомоти давлатӣ, нафақаи фарзандашро аз ҳамсараш дарёфт кунад. «Аз Русия меояду меравад, аммо ягон маротиба пул нафиристодааст. Ҳатто мо ҳамсояем, дар пеши чашми мо харид мекунад, ба кӯдакони бародарҳояш мехарад, аммо хеҷ не, ки ба писараш кӯмак кунад.»
ДОМАНГИР АЗ САРНАВИШТ НА АЗ ШАВҲАРОН!!!
Модароне чун Олима дар ҷомеаи Тоҷикистон кам нестанд. Аммо на ҳама ба кӯмаки молии ҳамсар муваффақ шудаанд. Онҳо дар бадбахтии худ бештар аз сарнавишт домангир ҳастанд, на аз шавҳар. Ин гурӯҳи занҳо аз мавҷудияти қонун дар бораи таъқиби падарҳои "фарзандбезор" хабар надоранд ва намедонанад, ки дар сурати зарурат, “алимент”-ро мешавад аз кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ низ "пайдо" кард ва ба ҷавобгарӣ кашид.
Дар ҳоле, ки ваколатдори ҳуқуқи инсон аз шеваҳои таъсиргузори мубориза бо волидони бемасъулият сӯҳбат мекунад, таҳлилагарон мегӯянд, ки дастрас кардани маълумот ё ҷойи кори мардикорон-падарони гуреза, кори саҳлу сода нест ва аксарияти мардикорони тоҷик дар бозорҳои сиёҳ, яъне бидуни қарордоди расмӣ кор мекунанд.
ОЁ ИН ШЕВАИ КОР НАТИҶА ХОҲАД ДОД?
Бобоҷони Қаюм, коршиноси масоили иҷтимоъ мегӯяд, ки шакл гирифтани раванди муҳоҷират бунёди даҳҳо хонаводаҳои тоҷикро хароб кард ва ҳаёти рангини даҳҳо кӯдаки дигарро, торик. Зеро дурии падарон на танҳо мушкили иқтисодӣ эҷод мекунад, балки аксари бачаҳоро бетаълиму тарбия ба кӯдакони хиёбонӣ табдил медиҳад: «Ин иқдом хуб аст, аммо аксарияти муҳоҷирони мо ҷойи кори асосӣ надоранд, ки Омбудсмен ё ВКД Тоҷикистон тавонад, ки нишонии онҳоро маълум кунад ва аз онҳо нафақа ситонад. Аксарияти онҳоро мебинем ва мешунавем, ки қурбони бозорҳои сиёҳ мешаванд, ки ҳатто маоши худро гирифта наметавонанд. Онҷо мавсимӣ кор мекунанд. Агар мо хоҳем, ки хонаводаҳо солим ва кӯдакон хиёбонӣ нашаванд, бояд ки дар дохил вазъи иҷтимоии муносибро барои ҷомеа фароҳам кунем.»
ОЛУДА БО ФАСОД?
Бобоҷони Қаюмзод мегӯяд, эҳтимол боз ҳам ин иқдом олуда ба фасод шавад ва падарони гуреза бо додани ришва ба мақомот, аз пардохти нафақапулӣ раҳо шаванд. Намунаи ин ҳолатро мешавад, ки дар дохил мушоҳида кард, ки дар баҳсҳои додгоҳӣ падарон бо додани ришва худро аз масъулияти пардохти нафақа озод мекунанд.
Қонунгузории Тоҷикистон нафақа барои як кӯдакро аз маоши ҳақи аққали падарон 13 дарсад ва барои 2 кӯдак 25 дарсад муқаррар кардааст. Дар сурати аз ду фарзанд зиёд будан, ин рақам боз боло меравад.
Аммо, Шӯҳрат Қудратов ҳуқуқшинос мегӯяд, ки муайян кардани ҳаҷми маоши муҳоҷири корӣ хеле мушкил аст, зеро ин маълумотро танҳо кордиҳанда медонад.