"Толибон" хабари мулоқоти қарибулвуқӯъ бо Кобулро рад карданд

Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи ҷунбиши “Толибон”, хабари музокироти қарибулвуқӯъ бо намояндагони ҳукумати Ҳомид Карзайро рад кард. Ӯ изҳор намуд, ки толибон бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ фақат аз тариқи намояндагияшон дар Қатар музокирот хоҳанд кард.

Ҳамзамон Муҷоҳид гуфт, ки онҳо дар марҳалаи гуфтушунид бо ИМА ва ҳампаймонҳояш низ қарор надоранд, барои ин, ба гуфтаи ӯ, эътимоди тарафайн зарур аст.

Аз ин пеш як мансабдори баланадмартабаи афғон изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик дар Арабистони саудӣ музокироти ҳайати ҳукуматии Афғонистон бо намояндагони толибон баргузор мешавад. Мақомоти Арабистони саудӣ дар посух гуфтанд, то он замоне, ки толибон робитаашон бо шабакаи “Ал-Қоида”-ро қатъ накунанд, онҳо бар баргузории музокирот дар қаламрави кишвар иҷоза нахоҳанд дод.