Дар Балуҷистон 11 низомии покистонӣ кушта шуданд

Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ 11 низомӣ кушта шуданд. Ба иттилои вазорати дифоъ, ду гурӯҳи низомиён дар як минтақаи воқеъ дар 60-километрии шаҳри Кувейта ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки масъулияти ҳамларо гурӯҳи ҷудоихоҳи “Артиши озодихоҳи Балуҷистон” бар дӯш гирифтааст. Қабилаҳои балуҷ аз соли 2004 ба ин сӯ мубориза барои дарёфти мухторият ва ширкат дар тақсими фойида аз захоири табиии Балуҷистонро идома медиҳанд.

Тайи се ҳафтаи ахир дар Балуҷистон бар асари бархӯрдҳо бо ҷудоихоҳон беш аз 30 низомии покистонӣ ба ҳалокат расидаанд.