Боз як сарбози афғон низомии хориҷиро кушт

Дар ҷануби Афғонистон аз тири сарбози афғон як низомии НАТО кушта шуд. Ба иттилои намояндаи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, ҳамлагарро шоми дирӯз баъд аз тирандозӣ сӯи низомии хориҷӣ дастгир карданд.

Сайид Мулук, фармондеҳи артиши Афғонистон,гуфт, ҳодиса дар мавзеи Марҷи вилояти Ҳилманд ба вуқӯъ пайваст ва сарбоз ба муфаттишон гуфтааст, ки низомии хориҷиро тасодуфан ҳадафи тир қарор додааст.

Ҳуввияти сарбози кушташуда ошкор нашудааст. Тайи чанд моҳи ахир ин шашумин чунин ҳамла ба низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон аст. 20 январ як сарбози афғон низомиёни фаронсавиро тирборон кард, ки бар асари ин чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд.