Ғарб ба тасвиби қатъномаи Сурия исрор меварзад

Ҳилларӣ Клинтон

Кишварҳои Ғарб ба тасвиби қатъномаи нави Сурия исрор меварзанд. Ин дар ҳолест, ки даргириҳо байни ҷангиёни мухолифин ва нирӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар атрофи Димишқ 3 рӯз боз идома дорад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, имрӯз бо як паёми ҳимоят аз мардуме, ки ояндаи Сурияро бидуни Башор Асад дидан мехоҳанд, ба СММ хоҳад рафт. Бритониёву Фаронса низ гуфтаанд, ки вазирони хориҷаи худро барои таъмини ҳимоят аз тарҳи қатъномаи аз сӯи кишварҳои Аврупову Араб таҳияшуда ба Ню-Йорк мефиристанд. Ин тарҳ ба интиқоли қудрат дар Сурия даъват мекунад. Аммо Русия мухолифи ҳар навъ қатънома бо талаби истеъфои Асад аст.