74 соли Каримов ва ояндаи номаълуми кишвараш

Бо гузашти солҳо мушти раҳбари Узбакистон сусттар мешавад ва ҳокимият тадриҷан аз кафаш меравад.
Ислом Каримов калонсолтарин раиси ҷумҳур дар кишварҳои Шӯравии собиқ ба шумор меравад. 30-юми январ вай 74-ро "пур кард" ва қадам ба 75 гузошт. Раҳбари Узбакистон калонсолтарин президент дар қаламрави Шӯравии пешин аст ва агар раисиҷумҳури Сенегол Абдулло Води 85-соларо истисно кунем, метавон ӯро солмандтарин раҳбар дар ҷаҳон номем.

Каримов бори нахуст дар соли 1990 раиси ҷумҳур интихоб шуд ва акнун тақрибан 22 сол раиси ҷумҳур мебошад. Пештар вай баъд аз Рафиқ Нишонов дар соли 1989 Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунист буд ва он ҳам ба фаъолияти раҳбарии Каримов илова мешавад. Аммо бино ба Қонуни асосии Узбакистон соли 2014 давраи кунунии раёсати ҷумҳурии вай ба поён мерасад. Бо назардошти синни болои Каримов аз Баҳодур Мӯсоев, ҷомеашиноси узбак дар Тошканд пурсидам, оё Каримов дар интихоботи оянда худро номзад хоҳад кард?

Баҳодур Мӯсоев: "Ман ба суоли Шумо шояд бигӯям, ки посухи онро танҳо Оллоҳ ва Ислом Абдуғаниеваич медонанд. Фикри шахсии ман ин аст, ки вай ҳеҷ гоҳ ҳокимиятро намедиҳад. Вай ба гурӯҳи одамон ё сиёсатмадороне дохил мешавад, ки “сиёсатмадорони ҳоким” таваллуд шудаанд. Вай ҳеҷ гоҳ раҳбариро ба касе намедиҳад ва медонад, ки агар каси дигар ба раҳбарӣ ояд, пайомадҳои он чӣ хоҳад буд. Вазъи ин кишвар номаълум боқӣ мемонад. Касе намедонад, ки баъд аз рафтани вай чӣ рух медиҳад. Дар он сурат суолҳои зиёд пеш меоянд. Онҳо суолҳое ҳастанд, ки хеле эҳтиёткорона пинҳон дошта мешаванд. Масалан, аз ин қабил суолҳо ҳодисаҳои соли 2005-и Андиҷон мебошад ё чаро хешовандони вай ин қадр сармоя ҷамъ кардаанд ва ба сарватмандтарин одамон дар Узбакистон табдил ёфтаанд. Медонед, ин қабил суолҳо зиёданд. Чӣ қадр одамон саркӯб шуданд. Ҳамаи он рӯи об мебарояд."

Суол: Дар гузашта матбуот мақолаҳое чоп карда буд, ки мумкин аст вай яке аз духтаронашро ба ҷои худ омода кунад. Оё ин гуна эҳтимол вуҷуд дорад?

Баҳодур Мӯсоев

Баҳодур Мӯсоев: "Ин ба он вобастааст, ки дар паси он нируҳои интизомӣ қарор дошта бошанд. Нируҳои интизомӣ метавонанд, ин нақшаҳоро дуруст кунанд. Онҳо метавонанд. Ҳама кор дар ин ҷо имкон дорад. Ман фикр мекунам, ки агар вай раҳбариро ба дасти духтари худ диҳад, интихоби хубе нест. Чунин корро метавон ҳам гуноҳи вай ва ҳам бадбахтии вай арзёбӣ кард, чунки вай асири режими ба вуҷуд овардаи худ ва ҳокимияти худ аст. Вай ҳамин режимро ба вуҷуд овард ва ҳоло худаш асири он шудааст. Вай вазъро контрол намекунад. Ба фикри ман, аз чунин вазъ Русия низ мехоҳад истифода барад, чунки талош мекунад, умеди назорат бар равандҳои сисёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама дар Узбакистон аз даст надиҳад. Узбакистон ҳам аз лиҳози шумораи аҳолӣ ва ҳам аз лиҳози захоири табиӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Барои ҳамин мумкин аст Русия аз шароити пешомада истифода барад ва шахси мавриди назари худро пешниҳод ва аз вай ҳимоят кунад. Ин омил низ истисно нест, ки Русия дар ин кор нақше бозӣ кунад. Вале барои ин кор метавонад ба бебандубории хурде даст занад ва чунин кор низ мумкин аст бо фоҷеа анҷом ёбад.”

Суол: Ба ҳар ҳол оё бо таҳлили вазъи кунунӣ метавон тахмин зад, ки касе аз мухолифони давлат ва ё аз кормандони сохторҳои давлатӣ дар оянда ҷойгузини Ислом Каримов дар ин мақом шавад?

Баҳодур Мӯсоев: "Шумо кадом мухолифонро дар назар доред? Дар дохили кишвар мухолифон нестанд. Шояд мухолифони пинҳонӣ бошанд. Мо фазои сиёсӣ надорем ва намедонем, ки кӣ кӣ ҳаст ва ба чӣ коре қодир аст. Онҳо чӣ нуқтаи назар ва чӣ мавзеъгирӣ доранд. Мо ин гуна одамонро намедонем. Мо дар матбуоти худ мақолаеро намебинем, ки барои мисол, намояндагони порламон мушкилоти ҷомеаро дар сатҳи баланд баррасӣ кардаанд, масалан, дар бораи роҳи рушди иҷтимоӣ ё ягон барномаи сартосарии ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, то аз ин роҳ одамонро бишносӣ. Мо онҳоро намешиносем. Вале чунин одамон ҳастанд, фақат мо намедонем, ки онҳо кистанд."

Суол: Фикр намекунед, ки дар чунин синну сол ҳар кас ҳавсалаву матонати раҳбарии худро аз даст медиҳад?

Баҳодур Мӯсоев: "Онҳо чизи наве дода наметавонанд. Ин навъ раҳбарон наметавонанд командаи хуб ташкил кунанд ва одамонеро сари кор оранд, ки мушкилоти ҷомеаро дар Узбакистон ҳал карда тавонанд. Режим он гуна, ки дар гузашта буд, ҳамон гуна боқӣ мондааст ва ҳукумат дар асл дар дасти як нафар аст. Шумо медонед, ки ҳокимияти мутлақ ҳамаро барбод медиҳад ва воқеан чунин ҳам ҳаст. Ҳамаро вай худаш ҳал мекунад. Ҳеҷ коре имкон надорад."

Суол: Ҷаноби Мусоев, ба ҳар ҳол бори дигар мехоҳам бипурсам, ки ба назари шумо, Ислом Каримов дар интихоботи солии 2014 номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бори дигар пешбарӣ мекунад?

Баҳодур Мӯсоев (бо ханда): "Ман фақат ҳаминро медонам, ки ин гуна афрод абадӣ мебошанд..."