Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, дар як сӯҳбати телевизионӣ, дар бораи нақшаи ҷорӣ кардани андоз аз амалиёти молиявӣ дар кишвар хабар дод. Ситондани ин андоз аз моҳи август шурӯъ мешавад ва он сифру аз даҳ як фоизро ташкил хоҳад дод.
Саркозӣ изҳори умедворӣ кард, ки аз ин иқдом дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳам пуштибонӣ хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Фаронса афзуд, ки баъд аз ҷорӣ кардани андози нав ба хазинаи кишвар соле то як миллиард еврои иловагӣ ворид мешавад.
Имрӯз дар Брюссел дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо масоили марбут ба роҳҳои аз байн бурдани бӯҳрони қарз дар минтақаи евро, мусоидат ба рушди иққтисодӣ ва шадидтар сохтани интизоми буҷавӣ баррасӣ хоҳад шуд.