Полиси Бангладеш мегӯяд, як сардовари крикетро бо иттиҳоми куштори наврас дар мусобиқа мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст. Тибқи гузориш дар ҷараёни қуваозмоӣ дар минтақаи шимолии Кишореганҷ навраси 15-сола бо номи Назр-ул-Ислом, ки мусобиқаро тамошо мекардааст, ба майдонча дохил шуда, як ҳукми сардоварро танқид кардааст. Шоҳидон мегӯянд, сардовар як чавгонро гирифта, ба сари Назр-ул-Ислом зарба задааст. Сипас қуваозмоӣ идома ёфтаву дар зоҳири наврас тағйире ба назар нарасидааст. Вале баъдан шоми ҷумъа аҳволи наврас бадд шуда, рӯзи шанбе ӯ аз хунравии дохилии мағзи сар ҷон додааст. Ҳоло полис сардоварро ҷустуҷӯ дорад. Крикет яке аз варзишҳои дӯстдоштаи бангдладешиҳо мебошад. Соли гузашта чемпионтаи ҷаҳон оид ба крикет дар Ҳиндустон, Шриланка ва Бангладеш барпо шуда буд.