Мусаллаҳони дар амалиёти вижа дар ноҳияи Қизляри Доғистон кушташуда дар терроризм гумонбар мешаванд. Дар ин бора Николай Синсов, намояндаи Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол мушаххассозии ҳуввияти панҷ нафар аз кушташудагон идома дорад.
Николай Синсов афзуд, ки дар ҷойи ҳодиса қароргоҳи муваққат бо захираи озуқа, либос, автомату пулемёт, маводи мунфаҷираи худсоз ва тир ошкор шуд. Ӯ тайид кард, ки дар ҷараёни амалиёт чаҳор низомии нерӯҳои умури дохилӣ кушта ва се нафари дигарашон маҷрӯҳ шудаанд.