Николя Саркозӣ бо Ҳомид Карзай гуфтушунид мекунад

Ҳомид Карзай ва Марио Монтӣ

Имрӯз дар Порис раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ бо ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай музокирот хоҳад кард. Қарор аст, ки дар ин гуфтушунид мавзӯъи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии миёни ду кишвар баррасӣ шавад. Чанде пеш, баъд аз ҳалокати чаҳор низомии фаронсавӣ аз сӯи як сарбози афғон, Порис эълом дошт, ки низомиёнашро аз Афғонистон қабл аз вақти муқарраршуда берун мекунад.

Ҳомид Карзай дар чаҳорчӯби сафараш ба Аврупо дирӯз бо нахуствазири Италия Марио Монтӣ гуфтушунид кард. Марио Монтӣ дар ин музокирот изҳор намуд, ки Италия ироаи кӯмак ба Афғонистонро идома хоҳад дод. Миёни ду кишвар созишҳо дар бахши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятӣ имзо шуданд.

Дар ҳамин ҳол дирӯз парлумони Олмон мандати низомиёни кишвар дар Афғонистонро барои як соли дигар тамдид кард ва ҳамчун тасмим гирифт, ки аз моҳи феврал шумораи афсарону сарбозонаш дар Афғонистонро аз 5350 то 4900 нафар кам кунад.