Волии вилояти Ҳилманди Афғонистон мегӯяд, дар инфиҷори мошини бамгузоришуда дар Лашкаргоҳ дастикам 4 нафар кушта, 31 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Лашкаргоҳ маркази вилояти Ҳилманд аст. Довуд Аҳмадӣ-сухангӯи волии вилоят гуфт, ҳамаи кушташудагон шаҳрвандони Афғонистон будаанд ва дар миёни онҳо як кӯдак низ ҳаст. Вале дар миёни захмиён 3 нафар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Бино ба гузоришҳо, бамгузори интиҳорӣ мошини худро замоне мунфаҷир сохтааст, ки аз канораш қатори мошинҳои гурӯҳи бозсозии НАТО мегузаштанд.