Матлубхон Давлатов ва Нуриддин Саидов эътибори худро чун намояндаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон фаро мехонанд. Далатов, ки то ҳол раҳбари дафтари расёати ҷумҳурӣ буд, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таин шуд ва Саидов аз раёсати донишгоҳи миллӣ ба мақоми вазири маориф омад. Акнун дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон шаш курсӣ холӣ шудааст. Ахиран чанд нафар аз раисони ноҳияҳо низ аз мақом барканор ва курсиҳои намояндагӣ дар маҷлисро холӣ карданд.