Мансабдорони Қазоқистон мегӯянд, се афсари полис дар тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони Жанаозен дар мояи гузашта айбдор шудаанд. Дар ин тирандозиҳо 16 нафар кушта шуданд. Додситони Қазоқистон ҳамчунин гуфт, се сиёсамтадори мухолифи давлат, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Олға” Владимир Козлов, сардабири нашрияи мустақили “Взгляд” Игор Винявский ва номзади собиқи раёсатҷумҳурӣ Серик Сапаргалӣ низ дар ташкили ин бетартибиҳо айбдор хоҳанд шуд, Ҳабси ин афрод дар рӯзи душанбе интиқоди созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва “Хонаи озодӣ”-ро ба дунбол дошт.