Пешрафт дар музокироти Ҳинду Покистон

Ҳинду Покистон мегӯянд, дар музокирот доир ба воридоти гази Туркманистон ба Ҳинд пешрафти чашмгире ҳосил шудааст. Дар ин бора Ҷайпал Реддӣ, вазири нафти Ҳинд баъди сӯҳбат бо ҳамтои покистонии худ Осим Ҳусейн дар шаҳри Деҳлӣ хабар дод. Осим Ҳусейн гуфт, ҳоло ду кишвар масъалаи ҳаққи транзитро бо Афғонистон баррасӣ мекунанд, ки лӯлаи газ аз қаламрави он хоҳад гузашт. Дар сурати бунёд як лӯлаи гази 1700 километрӣ аз майдони гази Давлатободи Туркманистон солона 30 миллиард метри мукааб гази табииро ба Покистону Ҳинд мерасонад.