Бонки аврупоии бозсохт ва рушд мегӯяд, вазъи номӯътадили минтақаи евро ба иқтисоди Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ асар хоҳад кард, аммо метавонад, нақши рублро дар додуситадҳои байнулмилалӣ бештар кунад. Бар асари мавҷи дувуми бӯҳрон, ба ақидаи бонк, рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш хоҳад ёфт. Дар изҳороти Бонки аврупоии бозсохт ва рушд гуфта мешавад, эҳёи иқтисодии Русия ва Қазоқистон, ки ба нафт асос ёфтааст, дар навбати худ ба иқтисоди Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон таъсири мусбат доштааст.