Эътирози аҳзоби мухолифи Қазоқистон аз боздоштҳо

Мухолифони Қазоқистон дар изҳороте раҳбарони кишварро ба қатъи «таъқиби сиёсӣ» даъват карданд. Дар силсилаи рейдҳои маъмурони амниятӣ рӯзи душанбе дар Алмато раиси ҳизби сабтномнашудаи «Олға» (Ба пеш) ва сардабири нашрияи мустақили «Взгляд» (Нигоҳ) боздошт шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин рейдҳо ба таҳқиқи ошӯбҳои хунини Жанаозен дар 16-уми декабри соли гузашта бастагӣ доранд.