Обама дар паёми худ бештар ба иқтисод таваҷҷуҳ мекунад

Барак Обама

Интизор меравад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми ироаи паёми худ ба ҳар ду маҷлиси Конгресси кишвараш бештар ба адолати иқтисодӣ даъват кунад. Қарор аст ин паём рӯзи чаҳоршанбе ироа шавад. Паёми Барак Обамаро ба ҷуз аз намояндагони ду маҷлиси Конгресс миллионҳо нафар аз тариқи телевизион тамошо хоҳанд кард ва ин паём дар ҳоле пешкаш мешавад, ки маъракаи қабл аз интихоботии раиси ҷумҳури Амрико шурӯъ шудааст ва Обама барои интихоби дубораи худ омодагӣ мегирад. Обама дар ин паём хоҳад гуфт, Амрико бояд иқтисоде созад, ки на танҳо ба суди баъзе аз сарватмандон, балки ба суди ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар бошад.