Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, як паноҳандаи узбакро дар Амрико боздошт карданд, ки мехост ба гурӯҳи ситезаҷӯи исломӣ дар Покистон бипайвандад. Ҷамшед Мухторови 35-сола дар фурудгоҳи байнулмилалии Чикаго боздошт шудааст. Вазорати адлияи Амрико мегӯяд, Мухторов, ки ҳамчунин бо номи Абумӯъмини Туркистонӣ машҳур аст, нақша дошт, барои пайвастан бо Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ ба Покистон сафар кунад. Мухторов ба тарроҳии ҳамлаи террористӣ зидди Иёлоти Муттаҳида айбдор нашудааст ва бо иттиҳомоти феълӣ ба 15 соли зиндон ва ҷаримаи 250 000 долларӣ рӯбарӯ хоҳад буд.