Назари артиши Покистон ба гузориши муфаттишони ИМА

Артиши Покистон хулосаҳои муфаттишони амрикоӣ дар бораи ҳамлаи маргбори НАТО-ро рад кард, ки дар ин ҳамла 24 сарбози покистонӣ кушта шуданд. Ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии НАТО ба қароргоҳи сарбозони покистонӣ дар рӯзи 26 ноябри соли гузашта равобити Амрикову Покистонро тира кард. Артиши Покистон дар баёнияе гуфтааст, “баъзе аз бандҳову ёфтаҳои” гузориши муфаттишони амрикоӣ “дуруст нест.” Дар ин гузориш, ки моҳи гузашта нашр шуд, ҳарду тараф, нерӯҳои Амрико ва Покистонро гунаҳкор донистаанд. Артиши Покистон гуфтааст, дар ин ҳодиса гунаҳкор донистани Покистон ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Баъди ин ҳамла, Покистон роҳҳои интиқоли муҳимот барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро баст ва Амрикоро маҷбур кард, ки як пойгоҳи низомӣ барои парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро холӣ кунад.