Созмони байнулмилалии дибони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch дар гузориши ахири худ мақомоти Русияро барои маҳдудсозии озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ ва ҳамчунин эҷоди монеъа дар кори ҳомиёни ҳуқуқи башар интиқод кард.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки тасмими Владимир Путин барои дубора дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат карданд, ба дурнамои ислоҳоти зарурии сиёсӣ дар Русия соя меандозад.
Муаллифон ба тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи ахири парлумонӣ ишора накардаанд ва аммо гуфтаанд, ки Кремл ба ширкати нерӯҳои мустақили сиёсӣ дар ин маърака роҳ надод ва аз сабти номи чанд ҳизбу созмони сиёсӣ, аз ҷумла, ҳизди озодиҳои мардумӣ, “Русия дигар”, “Рот-Фронт” сарпечӣ кард.
Дар гузориш ҳамчунин далелҳои фаровони нақзи ҳуқуқи башар дар минтақаи Қафқози Шимолӣ ва маҳдудсозии озодии баёну ҳамоишҳо дар Русия оварда шудааст.