Бар асари силсилаи таркишҳо дар шаҳри Кано, воқеъ дар шимоли Нигерия, дасти кам 165 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомот мегӯянд, ки теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад - зери харобаҳо ҷасадҳои зиёд боқӣ мондаанд. Вазъи баъзе аз маҷрӯҳон низ вазнин арзёбӣ мешавад.
Таркишҳо дар шаҳри Кано шоми рӯзи ҷумъа рӯй доданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар чаҳор маҳаллаи шаҳр қароргоҳҳои полис, биноҳои хадамоти муҳоҷират ва истгоҳҳои мошин ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ дар шаҳр 20 таркиш ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро ба бинои раёсати полис задааст.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки таркишҳоро асосан наврасони савори мотороллерҳо анҷом додаанд. Дар задухӯрд бо ҳамлагарон беш аз 10 корманди полис кушта шуданд.
Дар шаҳри Кано қуюди шабгардӣ эълон шуд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи исломии Бока Ҳаром бар дӯш гирифтааст. Раҳбари ин гурӯҳ Абубакар Шикав изҳор намуд, ки онҳо алайҳи ҳукумат, мақомоти ҳифзи тартибот ва Анҷумани насрониҳои Нигерия, ки мусалмонҳоро мекушанд, мубориза мебаранд.