Дар шимоли Сурия даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва низомиёни ҷониби мухолифин гузашта дубора шурӯъ шуданд. Ба иттилои шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира, айни ҳол набардҳо дар шаҳр Ҷиср аш-Шугур, воқеъ дар марз бо Туркия, идома доранд.
Аз ин пештар хабар дода шуд, ки бар асари таркиш дар вилояти Идлиб дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хабаргузории расмии САНА, мошини полис, ки маҳбусони савори он буданд, ба минаи рӯи раҳ бархӯрдааст. Дар ин ҳодиса 26 нафар захмӣ шудаанд.