Бо назардошти поин рафтани эътибори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз аробакашиву кӯчарӯбӣ деҳқонӣ беҳтар аст.
Бино ба хабари матбуоти Русия, мақомоти вилояти Ленинград ба тавофуқ расидаанд, ки ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказии Шӯравии собиқ ҳудуди 600 ҳектор замини кишт иҷора диҳанд, то онҳо дар ин заминҳо бо кишоварзӣ машғул шаванд. Бахше аз ин заминҳо дар вилояти Новгород хоҳад буд. Вале то ҳол дар ин бора созишнома ба имзо нарасидааст. Барои ин кор, масалан, ҷониби Тоҷикистон, бояд барномаи мушаххаси кор дар ин заминҳоро ба мақомоти расмии маҳаллӣ пешниҳод кунад.
Ҷомеашиносони Русия гуфтаанд, Русия дар оянда наметавонад бидуни муҳоҷирон аз кишварҳои Шӯравии пешин дар ин бахш дасти корӣ пайдо кунад. Масалан, ҷомеашинос Елена Тюрюканова ба ин масъала таъкид карда ва гуфтааст, ки то соли 2020 камбуди нирӯи корӣ дар Русия ба 22 миллион нафар хоҳад расид.
Тоҷикистон кишвари кишоварзист ва тақрибан ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки дар деҳ бузург шудааст, таҷрибаи кори кишоварзӣ ё деҳқонӣ дорад ва метавонад дар Русия аз ин кор даромади хубе ба даст орад.
Раҳматулло Мазориев-узви ҷамъияти тоҷикони Перм мегӯяд, деҳқонӣ беҳтар аз аробакашӣ ё машғул шудан бо корҳои сиёҳ, яъне беҳтар аз корҳоест, ки эътибори тоҷиконро дар Русия хеле коҳиш додааст. Оқои Мазориев мегӯяд, дар гузаштаҳо низ ба муҳоҷирон кор дар замин пешниҳод шуда буд.
“Медонанд, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аграрӣ мебошанд. Ба хусус дар чорводорӣ ва хоҷагии қишлоқ шаҳрвандони онҳо таҷриба доранд. Дар гузашта пешниҳод карда буданд онҳое, ки маълумоти ветеринарӣ ё агрономӣ доранд, метавонанд ба ин ҷо оянд ва соҳиби кор шаванд. Заминҳои бекорхобида бисёранд. Вале ба масъалаи кор дар замин муҳоҷирони корӣ эътибори ҷиддӣ надоданд. Агар хоҳишмандон бошанд, ин ҷо сухан дар бораи ҳазор-ду ҳазор нафар меравад, дар он сурат на танҳо дар минтақаи мо, балки дар минтақаҳои дигаре, ки кишоварзӣ тараққӣ кардааст, ба дастони корӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ниёз доранд”.
Аз Раҳматулло Мазориев пурсидем, чаро муҳоҷирони кории тоҷик ба ин масъала камтар таваҷҷӯҳ мекунанд, дар сурате, ки таҷрибаи кори кишоварзӣ доранд. Вай мегӯяд, муҳоҷироне, ки дар солҳои аввали муҳоҷират ба Русия ворид шуданд, бештар ба бозорнишинӣ ва тиҷорат бартарӣ медоданд. Чунин кор дар миёни муҳоҷирон ба қолабе табдил ёфтааст. Вале дар шаҳрҳои мухталифи Русия тадриҷан мағозаҳои бузург ё супермаркетҳои ғарбӣ бунёд шуданд. Хурдафурӯшӣ ба кори камдаромад табдил ёфт ва нақши худро дар бозор аз даст дод.
“Агар ҳақиқатро бигирем, аз савдо ва аз бозор муҳоҷир он қадар даромад ба даст намеорад. Чаро? Чунки марказҳои савдои гуногун кушода шудаанд ва пешрафти иқтисодии Русия ҳам дигар шуд. Дар ҳақиқат ҳоло зиндагӣ дигар шудааст”.
15 000 ДОЛЛАР АЗ 15 СОТИХ ЗАМИН ДАР ЯК СОЛ
Аҳмад Усмонов дар Перм яке аз шахсонест, ки бо кордонии худ дар бахши кишоварзӣ аз 15 сотих замин дар як сол 15 ҳазор доллар даромад ба даст меорад. Мо телефонӣ Аҳмад Усмоновро пайдо кардем ва вай аз рӯзгори худ дар муҳоҷират ба барномаи мо чунин гуфт:
Аҳмад Усмонов: Мо дар даруни шаҳр зиндагӣ мекунем. Ҳамроҳи оилаам. Фарзандонам ҳомроҳи мо ҳастанд. Ман сару кор бо замин дорам. Худам ронанда ҳастам. Гоҳо ба шаҳрҳои дигар ҳам меравам, вале аслан ҳамроҳи фарзандонам деҳқонӣ дорам.
Суол: Шумо аз Тоҷикистон кай омадед?
Аҳмад Усмонов: Охири соли 1992 омадем, ҳар се-чаҳор сол, агар шавад ба дидорбинӣ меравем, вагарна дар ҳамин ҷо мунтазири дидори дӯстем.
Суол: Вақте, ки шумо ба Перм омадед, корро бо чӣ оғоз кардед?
Аҳмад Усмонов: Ман аввалан бо фурӯш сару кор доштам. Оҳиста-оҳиста ронанда шудам. Дар мошинҳои калони боркаш кор кардам. Сипас хонаи заминӣ гирифтем ва ҳамроҳи аҳли оила машғул шудем бо кори хонагӣ, чунки мо мардум мардуми коргар ҳастем ва бояд аз кору меҳнат дур набошем. Инсоният аз бекорӣ ва беҳудагардиаш ганда мешавад.
Суол: Шумо кадом навъи зироатро кишт мекунед ва чӣ ҳосил ба даст меоред?
Аҳмад Усмонов: Пиёз, гашнич, бодиринг, помидор, яъне ҳамаи намуди сабзавоте, ки барои хӯрду хӯрок зарур аст. Мо ин корро барои рӯзгори худ мекунем ва ба фурӯш ҳам мебарорем, бодирингу пиёзи сабзу гашничу ҳаминҳоро...
Суол: Оё даромаде, ки аз ҳамин кишти худ ба даст меоред, барои зиндагӣ кифоят мекунад?
Аҳмад Усмонов: Албатта, албатта. Кифоя аст. Ман мехоҳам, бигӯям, ки имрӯз баъзе одамон беҳуда умрро мегузаронанд, аробакашӣ ё кӯчарӯбӣ мекунанд ва миллати тоҷикро чун пасттарин миллат ба дигарон нишон медиҳанд, ин ҳунар нест. Ин барои инсоният номус нест. Ин гана одамон бадномкунандаи миллатанд.
Суол: Шумо мехоҳед пешниҳод кунед, ки ҷавонон ба ҷои аробакашӣ ё кӯчарӯбӣ метавонанд дар замин кор кунанд ва аз замин ризқу рӯзии худро пайдо кунанд, бо сари баланд ва бо номи баланд?
Аҳмад Усмонов: Албатта. Ин бисёр ҳунари хубаст, ки бо кори кишоварзӣ мардум ва худро сарбаланд мекунанд. Мардуми мо мардуми деҳқонанд. Агар деҳқонӣ кунанд, бесаводтарин тоҷик метавонад беҳтарин ҳосили кишоварзӣ ба даст орад.
Суол: Оё аз ҳосили киште, ки шумо ба даст меоред ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод мекунед, пасандозе ҳам мемонад, ки шумо барои равнақи ҳамин кор истифода баред ва зиндагӣ ҳам беҳтар шавад?
Аҳмад Усмонов: Албатта, дар як сезон (мавсим) тахминан 15 ҳазор доллар ба даст овардан мумкин аст аз 15 сотих замин.
Суол: Дар ҳамин 15 соттих замине, ки мегӯед, шумо чанд нафар кор мекунед?
Аҳмад Усмонов: Ман ва шукри худо оилааму чаҳор фарзандам.
Суол: Яъне гуфта метавонем, ки шумо ва аҳли оила бекор намемонед ва ҳамин замин ҳамаи шуморо ҳам бо кор таъмин мекунад, ҳам тамоми харҷи шуморо мебарорад ва ҳатто даромад ҳам медиҳад?
Аҳмад Усмонов: Бале, хусусан фарзандони ман мактабхон ҳастанд ва онҳо баъд аз мактаб бо кор машғулш мешаванд, вагарна ҷавононро имрӯз тарбия кардан бисёр мушкил аст, чунки муҳит бисёр таъсиргузор аст.
Суол: Оё шумо ният доред, ки ҳамин замини кишти худро васеътар кунед ва даромади шумо бештару бештар шавад.
Аҳмад Усмонов: Албатта. Дар оянда нақшаҳо ҳаст, ки васеътар мекунем ва дигаронро низ бо кор таъмин мекунем. Ҳамин хел нақшаҳо ҳаст, иншооллоҳ.
Ҷомеашиносони Русия гуфтаанд, Русия дар оянда наметавонад бидуни муҳоҷирон аз кишварҳои Шӯравии пешин дар ин бахш дасти корӣ пайдо кунад. Масалан, ҷомеашинос Елена Тюрюканова ба ин масъала таъкид карда ва гуфтааст, ки то соли 2020 камбуди нирӯи корӣ дар Русия ба 22 миллион нафар хоҳад расид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад