Бино ба хабари “Авеста”, Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон дар маросими гушоиши Маркази шашуми Амрико дар водии Рашт ширкат кардааст. Сафорат дар таъмири ин марказ кӯмак намудааст, 8 компютер ва нтернет дар ихтиёри ин марказ гузоштааст. Ҳамаи он ба таври ройгон дар ихтиёри омӯзгорон ва донишҷӯён қарор мегирад. Таъмири бино ва харидории таҷҳизот 30 ҳазор долларро ташкил додааст. Дар ин марказ як нафар ҳамоҳангсоз кор мекунад ва вай ба муштариён барои омӯзиши забони англисӣ ва барномаҳои маърифатӣ кӯмак мекунад.