Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо парвандаи Атовуллоев аст

Рамазон Раҳимов

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки омода аст дар расидагии сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев ҳамкорӣ кунад. Генерал Рамазон Раҳимов-вазири нав рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, аз ҳодисаи ҳамла ба ин рӯзноманигори тоҷики муқими Маскав аз матбуот огаҳӣ ёфтааст. Вай афзуд, то кунун ҳеҷ дархост ё муроҷиате аз сӯи ниҳодҳои интизомии Русия дар робита бо расидагӣ ба ин сӯиқасд дарёфт нашудаст ва агар аз ҳамтоёни русии худ дархосте расад, бо онҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.