Капитани Costa Concordia иштибоҳашро эътироф кард

Дар киштии ғарқшудаи италиявии Costa Concordia корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ аз сар гирифта шуданд. Ин киштӣ бо 3216 мусофир аз 62 кишвар ва 1023 аъзои экипаж шоми рӯзи ҷумъа дар соҳилҳои минтақаи Ҷилио ба харсангҳои зери об бархӯрд ва қисман ғарқ шуд. Дар ин ҳодиса 11 нафар ба ҳалокат расиданд, тақрибан 20 нафар то ҳанӯз беному нишонанд.

Корҳои наҷотбахшӣ баъди он аз сар гирифта шуданд, ки мутахассисон киштиро тафтиш карданд ва ба натиҷае расиданд, ки хатари ба ҳам рехтани Costa Concordia мавҷуд нест.

Тафтиши сабабҳои ҳодиса ҳам идома дорад. Айни ҳол капитани киштӣ Франческо Скеттино дар он айбдор мешавад, ки аз масири аслӣ берун шуда, ба хотири худнамоишдиҳӣ киштиро ба соҳилҳои Ҷилио наздик овардааст. Ӯ ахиран иқрор кард, ки дар идораи киштӣ ба иштибоҳ роҳ додааст.