Русия барқасдона барои алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад гомҳои қотеъ бардоштани Шӯрои амнияти СММ монеъ мешавад. Ба гуфтаи намояндаи Олмон дар СММ Петер Виттиг, Русия рӯирост аз Башор Асад ҳимоят мекунад ва аз қабули ҳама гуна тарҳҳое, ки алайҳи Димишқ равона шудаанд, ҷилавгирӣ менамояд.
Аз ин пеш вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор намуд, Русия ва Чин ба ҳама гуна қатънома, ки ба дахолати низомии хориҷӣ ба умури Сурия иҷоза медиҳад, вето мегузоранд. Лавров ҳамчунин аз ҳама гуна ташреҳ дар робита ба содироти силоҳи Русия ба ин кишвари Ховари Миёна худдорӣ варзид.
Ба иттилои СММ, тайи даҳ моҳи эътирозҳо бо талаби истеъфои Башор Асад 5400 суриягӣ кушта шудаанд.