Покистон сафари фиристодаи хоси Амрикоро ба таъхир гузошт. Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон Интизор Сулеҳрӣ гуфт, сафари Марк Гроссман то анҷоми баррасии равобити ду кишвар дар парлумон ба ҳоли таълиқ медарояд. Танишҳо байни Вошингтону Исломобод баъди як паём, ки дар он давлати Осифалӣ Зардорӣ гӯё аз Амрико барои коҳиш додани нуфузи низомиҳои Покистон ёрӣ мепурсад, шиддат гирифт. Марк Гроссман дар ҳафтаи равон аз Афғонистон ва Қатар дидан хоҳад кард.