Додоҷони Атовулло ба Озодӣ мусоҳиба дод

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло, ки ҳафтаи гузашта дар Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ду зарби корд хӯрд, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, баъди ҷарроҳӣ дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав аҳволаш хуб аст. Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва ҷунбиши «Ватандор» гуфт, сӯъиқасд ба ҷони ӯ фармоиши сиёсӣ буда, ба фаъолиятҳои сиёсиву хабарнигориаш бастагӣ дорад. Ба бовари ӯ, нӯги риштаи ин ҳамла ба Душанбе мебарад. Аммо вазорати хориҷаи Тоҷикистон қаблан дар вокуниш ба ҳамла алайҳи Додоҷони Атовулло гуфта буд, ки шеваҳои худсаронаи муҷозотро маҳкум мекунад. Додоҷони Атовуллои 56-сола аз мунтақидони тунди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Мусоҳиба муфассал бо Додоҷони Атовуллоҳ шоми ҷумъа дар барномаи таҳлилии "Чашмандоз" нашр хоҳад шуд.