Чаро одамон аз “биҳишт”-и СССР мегурехтанд?

Агар Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари хубе буд, чаро одамон талош мекарданд, аз он бигурезанд?
Садҳо нафар чунин талошро кардаанд ва онҳое, ки ба даст афтоданд, ҷазои сахте дидаанд. Ба мисли ин ду бародар, ки қиссаашон як филми кӯтоҳ шудааст. Яке аз онҳо мегӯяд:

“Замоне ки мо пой ба қаламрави Финлонд гузоштем, воқеан такон хӯрдем. Ҳама чиз ин қадар зебо буд. Эълону огаҳиҳои бузург. Ҳама чиз кор мекунад. Одамон сарулибоси зебо ба бар доштанд. Чашми ман он гоҳ боз шуд ва фикр кардам, тамоми таблиғоти шӯравӣ чизе беш аз дурӯғ нест.”

Ин мустанади кӯтоҳро, ки аз сарнавишти пурмоҷарои ду бародар ҳикоят мекунад, бубинед ва агар назаре доред ё намунаҳои дигарро медонед, ба мо бинависед. Як роҳи дигари фирор ба воситаи Афғонистон буд ва оё касе аз Тоҷикистон низ фирор кардааст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фирор, бозгашт, фирор...


Ҳамчунин бо ангушт задан ба ин ном – “Бист сол бе СССР” метавонед, наворҳои дигар, гоҳномаи рӯз ба рӯзи фурӯпошии Шӯравӣ ва хотираҳои шоҳидони воқеаро низ бубинед.