Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираҳои СССР


Як барномаи нодири Радиои Озодӣ бахшида ба 20-умин солгарди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ.

Иттиҳоди Шӯравӣ 20 сол пеш барҳам хӯрд ва дар ҷои он 15 давлати мустақил ба вуҷуд омад. Омилҳои гуногун, аз ҷумла ҷудоихоҳии ҷумҳуриҳо, бӯҳрони сахти иқтисодӣ, рақобат бо Ғарб ва ҳамчунин бозсозию ошкорбаёниеро, ки раҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Горбачёв оғоз кард, сабаби фурӯпошии СССР меноманд.

Чаро ва чӣ гуна ин фурӯпошии таърихӣ ба вуқӯъ пайваст? Шоҳидон ва ширкаткунандагони воқеа, нозирон аз дуру наздик – ҳар кадом дар бораи шикасти СССР назар ва ақидаи худро дорад. Мусоҳибаҳо, ёддоштҳо, аксҳо ва наворҳои мустанад талоше будаанд, барои дарёфти посух ба пурсишҳои таърих.

Барои дидани тарҳи нав, ки маҳсули заҳматҳои беш аз нимсолаи Радиои Озодист, ҳамин ҷумларо "ангушт" занед ё клик кунед.

Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ як падидаи мураккабу печида буд ва пайомадҳои онро Шумо то имрӯз дар зиндагии ҳамарӯзаи хеш эҳсос мекунед. Биноан, мо бовар дорем, ки матолиби ин тарҳи махсус Шуморо бетараф нахоҳад гузошт ва водор хоҳад кард, мувофиқат ё мухолифати хешро бинависед. Ҳамчунин шояд хотираҳои ногуфта, асрори ифшонашудаеро дар миён гузоред.

Ҳадаф яктост -- рӯшании тамоми ин манзара барои дарёфти ҳақиқати ҳол.
XS
SM
MD
LG