САҲА:Интихоботи Қазоқистон демократӣ набуд

Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, интихоботи парлумонии Қазоқистон ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ набуд. САҲА гуфт, бо вуҷуди азми мақомот, интихоботи рӯзи 15 январ демократӣ набуд ва бояд ба он шумори бештари аҳзоби дар воқеъ мухолиф роҳ дода мешуд. Жоао Соареш, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА имрӯз дар Остона гуфт: “Бо вуҷуди азми давлат ба тақвияти раванди демократӣ дар Қазоқистон ва баргузории интихоботи ҷавобгӯи тааҳҳудоти ба САҲА супурдааш, интихоботи пеш аз мӯҳлати дирӯза ҷавобгӯи меъёрҳои бунёдии интихоботи демократӣ набуд.”
Ба ҳисоби Куммиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон, дар интихоботи пеш аз мӯҳлати 107 вакили парлумон ҳизби Нур-Отани раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев 80,7 фоиз, ҳизби Оқ-Жол ҳудуди 7,5 ва ҳизби коммунист 7,2 дарсад раъй гирифта, ба парлумони нав роҳ ёфтанд. Мухолифини қазоқ алакай гуфтаанд, ки интихобот бо тахаллуфоти фаровон гузашт.