Пораҳои Фобос-Грунт, як ковишгари кайҳонии Русия, ки дар нимароҳ ба сӯи як ҳамсафари Миррих вайрон шуд, ба Уқёнуси Ором афтодааст. Сухангӯи нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ ва кайҳонии Русия гуфт, пораҳои Фобос-Грунт 1250 километр дуртар аз соҳилҳои Чилӣ ба уқёнус афтодааст. Ковишгари мазкурро ду моҳ пеш партоб карданд ва ҳадафи он ҷамъоварии иттилоъоти арзишманде аз Фобос, як ҳамсафари саёраи Миррих буд, ки баъдан роҳро барои парвози инсон ба ин сайёра ҳамвор мекард. Аммо баъди партоби ин дастгоҳи кайҳонии 165 миллион долларӣ дар рӯзи 9 ноябр, муҳандисони рус билофосила идораи онро аз даст доданд ва натавонистанд ба самти Фобос ҳидояташ кунанд.