Эрон ҳамсоякишварҳои ҷанубии худро ҳушдор дод, ки аз ҳамкорӣ бо "кишварҳои моҷароҷӯ" даст кашида, судури нафтро афзоиш надиҳанд.
Эрон кишварҳои ҳамсояи худро дар Халиҷи Форс ҳушдор дод, ки агар Ғарб ба нафти Эрон таҳрим ҷорӣ кунад, судури нафти худро афзоиш надиҳанд.
Муҳаммад Алӣ Хатибӣ, намояндаи Эрон дар ОПЕК ё созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Шарқ”-и чопи Қатар гуфт, Теҳрон дар чунин рафтор кори “дӯстона”-ро намебинад.
"Кишварҳое, ки дунболи моҷароҷӯӣ ҳастанд, мехоҳанд аз ҳамсоягони ҷанубии Эрон "чароғи сабз" дарёфт кунанд, то дар сурати таҳрими нафти Эрон ҷойгузине дошта бошанд. Ба ҳамин далел, мақомоти Бритониё ва ҳатто Ҷопон ба минтақа омадаанд ва бо ҳасоягони ҷанубии мо мулоқот мекунанд",-гуфтааст ӯ.
Ҷаноби Хатибӣ афзудааст, "агар ҳамсоягони ҷанубии мо бо истифода аз ҷойгузинии нафташон ба ҷои нафти Эрон бо кишварҳои моҷароҷӯ ҳамкорӣ кунанд, ин кишварҳо ҳам дар ҳаводиси баъдӣ шарик ҳастанд."
Бархе аз дипломатҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки дар масъалаи таҳрими хариди нафти хом аз Эрон ба тавофуқи муқаддамотӣ ё аввалия даст ёфтаанд. Ҷузъиёти ин созиш дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки дар охири моҳи январи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мегардад.
Ҷопон ҳам гуфт, бо риояти муқаррароти таҳримоти Амрико алайҳи Эрон хариди нафти хом аз ин кишварро камтар хоҳад кард.
Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст, ки кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва ба вижа Арабистони Саудӣ бо афзоишии тавлиди худ ин камбудро ҷуброн хоҳанд кард. Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони Иттиҳодияи Аврупо "Либия ва кишвраҳои минтақаи Халиҷи Форс барои пур кардани шикофе, ки таҳрими эҳтимолии нафти Эрон аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо эҷод хоҳад кард, омодагӣ доранд."
Дар сурати даст кашидани кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти Эрон, фишор ба иқтисоди бемори ин кишвар афзоиш хоҳад ёфт, чун 50 дарсади даромади буҷаи давлатии Эрон аз ҳисоби фурӯши нафт аст ва бештар аз 17 дарсади нафти Эронро кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мехаранд.
Вале ширкати миллии нафти Эрон мегӯяд, даст кашидани кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти кишвар, ҳеҷ паёмади манфие нахоҳад дошт, зеро дар бозорҳои Осиё ба мисли Ҳинду Чин харидор хоҳад ёфт.