Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ғанисозии ураниуми Эрон. Нигаронӣ ва ҳушдорҳо


Таъсисоти ҳастаии Бушаҳр дар Эрон
Таъсисоти ҳастаии Бушаҳр дар Эрон

Амрико, Бритониё ва Фаронса шурӯи ғанисозии ураниум аз сӯи Эрон дар Фордуро маҳкум карданд.

Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ рӯзи 9 январ таъйид кард, ки Эрон ба ғанисозиии ураниум дар корхонаи зеризаминии канори шаҳри Қум шурӯъ кардааст.

Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш Бритониёву Фаронса шурӯи ғанисозии урианиум аз сӯи Эронро маҳкум карданд. Дар изҳороти вазоратҳои хориҷии ин се кишвар амали Теҳрон чун “дасиса, бемасъулиятӣ ва нақзи қонунҳои байнулмилал" арзёбӣ шудааст.

Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг инро як амали "иғвоангез" номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ғанисозии уран дар корхонаи нави Эрон боиси ташдиди бештари баҳси ҳастаии Теҳрон бо ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад шуд.

Оҷонси байналмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ мегӯяд, Эрон феълан дар корхонаи Форду, воқеъ дар 150-километрии ғарби Теҳрон, ба ғанисозии уран дар сатҳи 20 дарсад пардохтааст. Бино ба хабарҳо, урани дар чунин сатҳ ғанишударо метавон ба осонӣ дар кӯлоҳакҳои ҳастаӣ ҷо кард.

Ин дар ҳолест, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш алайҳи Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ карданд ва Иттиҳодияи Аврупо мавзӯи эълони таҳримҳои нафти Эронро баррасӣ мекунад. Шоми 9-уми январ раҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Хоманеӣ дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони миллӣ бори дигар изҳор намуд, ки бо вуҷуди ташдиди таҳримҳои Ғарб Теҳрон аз барномаи ҳастаияш даст намебардорад.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз сафари расмиии раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Венесуэла шурӯъ шуд. Мавқеъҳои ду кишвар моҳҳои ахир хело наздиктар шуданд. Дар арафаи сафари Аҳмадинажод раҳбари Венесуэла Ҳуго Чавес талошҳои ИМА барои ҷилавгирӣ аз таҳкими равобити Эрон бо кишварҳои Амрикои Лотинро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG