Вокунишҳо ба коҳиши шохиси эътимоди кишварҳои Аврупо

Ангела Меркел

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон гуфт, баъд аз он ки ширкати Standard & Poor's дараҷаи эътимод ба 9 кишвари минтақаи евроро поин овард, Аврупо барои эҳёи боварии сармоягузорон роҳи дарозеро дар пеш хоҳад дошт. Хонум Меркел гуфт, ки қарори коҳиши дараҷаи эътимод ғайричашмдошт набуд ва Standard & Poor's танҳо яке аз се ожонси санҷиши мизони эътимоди кишварҳост. Австрия коҳиши сатҳи эътимоди молияшро "нофаҳмо" номид ва Олӣ Реҳн-кумисари иқтисодии Аврупо гуфт, ки ин иқдом “ғайри қобили қабул” аст, зеро кишварҳои минтақаи евро талоши қатъӣ доранд, то бӯҳрони қарзро рафъ созанд. Standard & Poor дараҷаи дарозмуддати эътимод ба Қибрису Италия, Португалия ва Испанияро ду зина ва ин шохиси Австрияву Фаронса, Малтаву Словакия ва Словенияро як зина поин бурд. Он аз қарори худ дифоъ кард ва такроран гуфт, сарони Аврупо барои ҳалли бӯҳрони қарз иқдоми кофӣ намекунанд.