Бадахшон. Нафақа гирифтӣ, пули барқро деҳ

Нерӯгоҳи барқии "Помир-1"

Ширкати "Помирэнержӣ" мегӯяд, ки ҷамъоварии маблағи барқ аз муштариён дар соли сипаришуда бештар аз 100 фоизро ташкил дод.
Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, дар қатори ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб, истифодабарандагони барқ дар ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа низ пурра аз қарз раҳо ёфтанд.

Аммо бархе аз бознишасти вилоят мегӯянд, ки ба чунин дастовард ширкат бо шарофати пули нафақагирон соҳиб шудааст. Зеро дар рӯзи пардохти нафақапулӣ, дар маҳалҳо ҳузури нозири барқ дар назди касса ба як амри муқаррарӣ табдил шуда, нафақахӯр пулро ба дасти нозири барқ месупорад ва дар баъзе аз ҳолатҳои қарздорӣ, фақат дар санад имзо мегузораду бо дастони холӣ ба хона бармегардад.

Аммо роҳбари ширкат Далер Ҷумъаев забон як кардани ширкат ва бонкҳоро дар мавриди мусоидат кардан ба пардохти қарздории истифодаи барқ рад карда гуфт, ки бонкҳо дар ҳар ҳолат пулро ба дасти мизоҷашон месупоранд ва ҳеҷ кас ба зӯрӣ пулро аз дасти нафақахӯр кашида наметавонад.

Вале журналист Алишери Чунайд ҳолатеро ёдовар шуд, ки соли гузашта ҳангоми дар мақомоти ноҳияи Роштқалъа кор кардан вай рӯйихати бештар аз 300 қарздорони барқро тартиб дода, нафақахӯрон фақат имзо гузоштанду пул барои пардохти қарздории барқ интиқол дода шудааст.

Аммо сардори шӯъбаи пасандоз ва нафақаи «Амонатбонк»-и вилоятӣ Анорбегим Абашоева мегӯянд, ки онҳо тибқи муқаррарот на фақат пули нафақа, балки ҷубронпулии барқро, ки аз ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмак мешавад, ба дасти нафақахӯр месупоранд: "Нафақапулиро ҳамроҳи дафтарчаи нафақа ба дасти нафақахӯр месупорем, вай пулро ба касе хоҳад медиҳад, хоҳ нозири андоз бошаду хоҳ нозири барқ, касе ҳуқуқ надорад, ки ба вай фишор биёрад."

Дар ҳамин ҳол Мақбулшо Яқиншоев, як нафақахӯр аз ноҳияи Шуғнон мегӯяд, ки дар шароити сардиҳои минтақа ва эҳтиёҷ ба барқ-чун манбаъи асосии рӯшанӣ ва гармӣ, моҳияти мақоли помирии «гушна шавӣ авлов кун, ташна шавӣ алов кун, ҳар чӣ шавӣ алов кун» ҳар чӣ бештар дарк мешавад. Аммо пулеро, ки фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаи мардум мефиристанд, одатан барои хариди маводи хӯрока сарф мешавад ва нафақа ягона манбаи пардохти ҳаққи истифодаи барқ боқӣ мемонад, ки ҳам истифодабарандаи барқ ва ҳам нозир ба он умед баста метавонанд.

Аммо як нозири барқ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт ҳузури онҳо дар рӯзи пардохти нафақа дар назди касса амри иҷборӣ буда, агар муштарӣ пули барқро дар вақташ супорад, ниёз ба дунболагирӣ кардани вай боқӣ намемонад. Вай афзуд, ду-се бор пеши мизоҷ меравем, аммо дар пардохи барқ оҷизӣ мекашад, ягона чора дар рӯзи гирифтани нафақа талаб кардани пули қарздорӣ аст.

Нафақахӯрон мегӯянд, ки дар шаҳри Хоруғ омодагӣ ба пардохти нафақа бо кортҳои пластикӣ шурӯъ шуда, роҳандозии ин усул дар ноҳияҳо онҳоро аз ҳузури меҳмонони ба қале «нохонда» озод мекунад.

Аммо ба қавли Далер Ҷумъаев, ширкати "Помирэнержӣ" усули электронии хизматрасониро ба мизоҷон густариш медиҳад. Вай афзуд, муштариёни ширкат дар ояндаи наздик имконият пайдо мекунанд, ки оиди харҷи қувваи барқ аз тариқи телефонҳои дастиашон огоҳ шаванд ва ҳаққи онро дар нуқтаҳои қабул ба воситаи телефон пардохт кунанд.

Аммо навиди дигаре, ки метавонадад муштариёни ширкати "Помирэнержӣ"-ро хурсанд кунад, ин аст, ки роҳбарияти ширкат мегӯяд, ки бо дарки шароити иҷтимоии мардум, дар тӯли ду соли оянда ҳаққи истифодаи барқро боло нахоҳанд бурд. Айни ҳол нархи барқи ин ширкат баландтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.