Шаш ҷангҷӯро дар Покистон куштанд

Маъмурони иттилоъотӣ мегӯянд, бар асари партоби ду мушак ба як минтақаи марзӣ дар шимолуғарби Покистон, шаш ҷангҷӯ кушта шуданд. Ҳавопаймо ду мошинеро ҳадаф гирифтааст, ки дар минтақаи Догга дар вилояти қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ дар ҳоли ҳаракат будаанд. Умдатан ҳавопаймоҳои мазкурро мутаалиқи нерӯҳои Амрико медонанд. Чунин ҳамлаҳо шаш ҳафта боз муттавақиф шуда буд, зеро баъди ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар як ҳамлаи нерӯҳои НАТО, Покистон як пойгоҳи чунин ҳавопаймоҳои Амрикоро холӣ кард. Дар як чунин ҳамла дар рӯзи чаҳоршанбе чаҳор тундрав кушта шуданд.