Навори баҳсбарангез ҳукумати Афғонистонро нороҳат кард

Нерӯҳои баҳрии Амрико ба таҳқиқи наворе пардохтаанд, ки нишон медиҳад, чаҳор сарбози ин нерӯҳо ба ҷасадҳои ҷангҷӯёни Толиб мешошанд. Дар баёнияи расмии нерӯҳои баҳрии Амрико омадааст, сарчашма ва саҳеҳии навори видеои нашршуда дар торнамои Ю Тюб муайян нашудааст. Аммо ҳамзамон гуфтаанд, чунин рафтор хоси нерӯҳои баҳрии Амрико нест. Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида, ин навори видеоиро “мушавашкунанда” хонд ва гуфт, ингуна “рафтори зиштро” маҳкум мекунад. Маълум нест, видеоро кӣ ба навор гирифта ва дар интернет гузоштааст. Ҳукумати Афғонистон бо нашри баёнияе гуфт, “аз дидани ин навор” “бисёр нороҳат” шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин видеоро барбарона хонд, вале гуфт, он ба ҷараёни музокироти сулҳ асаре нахоҳад дошт. Пештар аз ин Толибон гуфтанд, талошҳои сиёсиашонро барои овардани сулҳ ба Афғонистонро “бештар” кардаанд, аммо бо вуҷуди ин аз ҷанг даст намекашанд.