Таъхир дар ирсоли нозирони араб ба Сурия

Бо мушкилтар шудани маъмурияти нозирони Иттиҳодияи Араб дар Сурия, ин иттиҳодия ирсоли нозирони дигар ба он кишварро ба таъхир андохтааст. Аввали ҳамин ҳафта, 11 нозири араб дар шаҳри Лозиқияи Сурия мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва маҷрӯҳ шуданд. Пештар Анвар Малик, яке аз нозирон ба нишони эътироз аз кори гурӯҳ аз ин ҳайъат хориҷ шуд. Бино ба гузоришҳо яке дигар аз нозирон низ азми хориҷ шудан аз ҳайъати нозирони Иттиҳодияи Арабро доштааст.