Кӯдакони як хонаводаи деҳаи Эрғайлики ноҳияи Шӯрообод аз дидани телевизор дар деҳаи ҳамсоя ба даҳшат афтодаанд.
Ин кӯдакон, ки ҳамроҳ бо волидайни хеш ба деҳаи ҳамсоя меҳмонӣ рафта будаанд, барои аввалин бор аз дидани қуттии сиёҳе, ки дар дохилаш одамон "гаштугузор" мекунанд, дар тааҷҷуб афтодаанд.
Абдураззоқ, як сокини ин деҳа мегӯяд, дар ибтидо кӯдакон бо диққат ба ин оинаи барои онҳо ҳайратовар дида медӯхтанд, аммо саҳнаи намоиши кушторе дар ин телевизион боиси маҷбур ба берун шудани волидайн аз деҳаи ҳамсоя шудааст.
Абдураззоқ мегӯяд, "ин ҳодисаи воқеӣ аст. Раҳмонов Давлат аз деҳаи мо ба наздикӣ ба хонаи хусураш ба деҳаи Оби Тира мераванд ва он ҷо барқ будааст ва телевизор мебинанд. Кӯдакон баъди каме тамошои филм падарашонро сахт мегиранд, ки биёед, равем, вагарна дар паси ин оина чанд касро як одам кушт ва ҳоло баромада моро мекушанд."
"Нури илйичиро надида…"
Деҳаи Эрғайлик, бо даҳ хонавода аз он деҳотест, ки аз кашф шудани қувваи барқ то кунун, ба қавле на "нури илйичӣ"-ро дар замони Шӯравӣ дидаасту на барқи бомеъёрро дар замони 20 соли истиқлолият.
Барои мардуми ин деҳа ибораҳое амсоли "фурӯзонаки каммасраф", "лимити барқ" ва даҳҳо ибораи дигаре марбут ба қувваи барқ бегона ҳаст. Мардуми ин деҳа бо зироаткорӣ ва чорвопарварӣ шуғл доранд ва агар иваз шудани чароғҳои керосинии истеҳсоли Шӯравиашонро бо чароғҳои керосинии зебои чинӣ сарфи назар кунем, дар зиндагиашон ҳеҷ тағийроти ҷиддие рух надодааст.
Абдураззоқ сокини ин деҳа, ки нисбат ба дигар ҳамдеҳагонаш ба муҳити шаҳр ошноии бештар дорад, мегӯяд, мардум ба надоштани барқ, мактаб барои таҳсили фарзандон ва роҳи мошингард одат кардаанд. Аммо ба назари ӯ, бояд ҳукумати маҳаллӣ барои бунёди роҳ, кашидани хатти нерӯи барқ ба ин мардум роҳ нишон бидиҳад.
Тааҷуб: "Дар шаҳр ғизо хӯрдан пулакӣ аст"
Аммо бархе аз сокинони дигари чунин деҳоти ба қавле як аср бебарқ худро хушбахт меҳисобанд. Қурбон Шералиев, сокини деҳаи дурдасти Чинори ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, бебарқии деҳаи онҳо беҳ аз барқдории мардуми шаҳр аст.
Ӯ бо қиёси деҳаи худ бо шаҳр гуфт: "Ба қарибӣ дар шаҳр будам. Дар шаҳр барои аз як ҷо ба як ҷо рафтан ё як чизро бурдан бояд маблағ диҳӣ. Дар қишлоқ ин корро бо хару асп бепул кардан мумкин аст. Дар шаҳр вақти нисфирӯзӣ ба ошхона мераванд ва бо маблағ хӯрок мехӯранд. Дар мо дар хонаҳои ҳамсоя, агар меҳмон шавӣ, бепул ҳам хӯрок хӯрдан мумкин аст. Ба деҳаҳои ҳамсоя рафта шаб бимонӣ, ба ту бепул ҷои хоб медиҳанд, дар шаҳр як шаб дар меҳмонхона 30 сомонӣ додем."
"Роҳҳои ҳалли мушкил омӯхта мешаванд"
Аслан деҳаҳое комилан барқ надоранд, ки дар манотиқи мушкилгузар ҷойгир ҳастанд. Ин деҳаҳо аз шаҳри Кӯлоб дар маркази 50 то 200 километр дурӣ доранд, аммо бо сабаби харобии роҳҳо, иртиботи онҳо бо марказҳои маъмурӣ хуб нест. Радиоҳои фаъол тариқи батарея ягона воситаи огоҳии ин мардум бо хабарҳои Тоҷикистону хориҷ аз он аст.
Мирзо Исмоилов, сардори Идораи шабакаҳои барқи Кӯлоб мегӯяд, мушкили накашидани хатти барқ дар замони Шӯравӣ ва ҳоло дар он аст, ки аҳолиашон кам аст.
Аммо ҷаноби Имоилов мегӯяд, дар нақша доранд, ки давоми 5-10 соли оянда ин деҳаҳо бо роҳҳои гуногун, ба мисли бунёди неругоҳи бодӣ ё обии хурдӣ бо барқ таъмин карда шаванд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, роҳҳои таъмини барқ ба ин деҳаҳо омӯхта шудааст: "Мо ҳамаи ин деҳаҳоро омӯхтем, ки чи қадар аҳолӣ доранд ва бо кадом роҳ онҳоро бояд бо барқ таъмин кард. Мушкил дар маблағгузорӣ ҳаст, ки агар ин ҳал шавад, мо онҳоро оҳиста-оҳиста бо барқ таъмин мекунем."