Сарвазири Покистон дабири умури дифоъро барканор кард

Хабаргузориҳо ба нақл аз телевизионҳои маҳаллӣ ва мансабдорони давлатӣ, ки номашонро нагуфтаанд, иттилоъ медиҳанд, ки сарвазири Покистон муовини вазири дифоъ, генерал Холид Лодҳиро аз мақомаш барканор кардааст.