Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад имрӯз нирӯҳои хориҷиро дар талоши ба ҳам задани суботи кишвараш айбдор кард. Асад дар Димишқ гуфт, дар пушти ошӯбҳои Сурия “тавтиаи хориҷӣ” истодааст. Ӯ гуфт, ки ин тавтиа ноком мешавад, чунки “касе дигар фиреб намехӯрад.” Асад ҳамчунин нақшаи сулҳи Лигаи Арабро ноком номид ва гуфт, аз онки кишварҳои арабӣ аз Сурия ҳимоят накарданд, ҳайрон шудааст. Ба ҳисоби СММ, тайи 10 моҳи ошӯбҳо дар Сурия беш аз 5000 нафар ҷон бохтаанд.