Бар асари таркиши бомб дар наздикии як истгоҳи автобус дар як минтақаи қабиланишин дар шимолу ғарби Покистон дастикам 20 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Иқболхон, як мақоми маҳаллӣ гуфт, ки инфиҷор дар минтақаи Ҷомрӯди вилояти Хайбар-Пахтунхва рух додааст. Бино ба хабарҳо, таркиш вақте рух дод, ки шибҳанизомиҳои рӯ ба давлат дар як сӯхтфурӯшӣ барои мошинҳои худ маводи сӯхт мегирифтанд.