Рэпи тоҷикӣ. Мусиқии бегона, аммо мақбули ҷавонон

Бо гузашти солҳо сафи дӯстдорон ва ҷонибдорони мусиқии рэп дар ҷомеаи Тоҷикистон меафзояд.
Таронаҳои овозхонҳои жанри рэп, бо матнҳои шевагии қобили фаҳм ҳатто дар байни бачаҳо низ шӯҳрат ёфтааст. Навори рэпсароён на аз тариқи диску фитта, балки бештар аз телефон ба телефон фиристода мешаванд.

Рэп ҳамчун жанри таронасароӣ барои фарҳанги суннатии тоҷик бегона аст. Ин жанр дар пайи умумишавӣ ва ё глобализатсия дар Тоҷикистон паҳн шуд. Аввалин сарояндаҳои рэп дар Тоҷикистон 10 сол пеш пайдо шуданд.

Ин шеваи тозаи таронасароӣ он замон дар байни ҷавонон машҳур набуд, аммо дар ҳоли ҳозир ин жанри таронсароӣ миёни ҷавонони то бистола бештар тарафдор дорад.

Оҳангсозон мегӯянд, ки вуруди наврасон ба ҷаҳони рэп мӯҳтавои онро ғайриқобили пахш ва сахтбаён кардааст. Истифодаи таҳқир дар таронаҳои рэпсароён роҳи онҳоро ба радиову телевизион ҳам бастааст. Бо назардошти ин, мақомоти Вазорати фарҳанг ба ҳунарнамоии рэперҳо ё рэпсароён дар саҳнаҳои толорҳои консертӣ монеа эҷод мекунанд.

Рэпсароёни тоҷик дар бисёр маврид аз сарнавишти мардуми худ месароянд. Аз таърихи 20 соли ахир ва саргардониҳои тоҷикон дар Русия, ки ба мавзӯи ҳамагуна латифаҳои мардуми рус табдил шудаанд. Муҳоҷират, оворагӣ ва мурдан дар ғурбат, ин дардҳоеянд, ки ҷомеаи Тоҷикистонро гирифтор кардаанд ва ин дардҳоро шоиру овозхонҳои кӯчагии Тоҷикистон ба риштаи қофияву зарбҳо мекашанд.

Рэп ин майдонест, ки дар он афкори наслҳои мухталиф бештар аз ҷои дигар дар муқобили ҳам қарор мегиранд. Насли бузургсол пайравони рэп ва мухлисони онҳоро ба хиёнаткорӣ дар баробари фарҳанги худӣ муттаҳам мекунанд.

Шояд ба хотири зарбаҳои тунд ва лаҳни хашини онҳо. Аммо рэпсароён ин масъаларо бузург намешуморанд. Онҳо мегӯянд, дар ниҳояти амр зарбҳои ғарбиро бо фарҳанги шарқӣ ҷур хоҳанд кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рэп: Мусиқии бегона, аммо мақбули ҷавонон