Чунин ба назар мерасад, ки ҳоло масҷид ба ягона мавзеъи муттаҳидшавии ҷавонон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон табдил ёфтааст.
Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чанд мулоқоти ахираш бо мардум пайваста таъкид кард, ки бояд ҳушу зеҳни ҷавонон аз нуфузи тундгароии динӣ маҳфуз монад, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, афзоиши алоқамандии наврасону ҷавонон ба масҷид ва таҳсилоти динӣ дар солҳои ахир боиси нигаронии мақомот ва нашри паёмҳои раисиҷумҳур шудааст.
Ба иддаои соҳибназарон, дар бисёре аз рустоҳо ва ҷамоатҳои Хатлон наврасону ҷавонон барои худ мавзеъи фарҳангию тафреҳӣ ё варзишие надоранд, ки гирди ҳам оянд ва онҳо ҷуз масҷид ва мавъизаҳои уламои дин, аз манобеъи дигари дарёфти ғизои маънавӣ маҳруманд.
Ҷомеашинос Ҷамолиддин Сайфиддинов мегӯяд, табиати инсон чунин аст, ки ҳамеша дар талоши рафъи, ба истилоҳ, гуруснагии маънавии худ мебошад:
«Имрӯз азбаски кори нуктаҳои фарҳангӣ заифанд, бештараш хусусӣ шуда, хосияти тиҷоратӣ доранд, на ҳамаи ҷавонон имкон доранд, ки ба ин толорҳо ворид шуда, вақти худро гузаронанд, бо ҳам ҷамъ оянд. Ва ҳамин чиз ба он оварда расонидааст, ки як қисмати ҷавонону наврасон рӯ ба оворагардӣ ё бекорӣ, гурӯҳе ҷавонони шаҳрӣ ба дискоклубҳо ва ба ҷойҳои арзонтаранд, меоранд. Ва он ҷавононе, ки имрӯз ба масҷидҳо мераванд, ба хотири маънавиёти худро бой кардан мераванд. Ин ҳама аз холигоҳи фарҳангию маънавист. Дигар куҷо ҳам раванд?!»
Ҷаноби Сайфиддинов афзуд, агар ҳам мақомоти ҳукумат мавзеъҳои ғайридинии фарҳангиро барои ҷавонон фаъол бикунанд, ба ҷалби ҷавононе, ки рӯ ба масҷиду намоз овардаанд, дигар чандон муваффақ нахоҳанд шуд. Аммо қисмати ҷавонони дигаре, ки вақти холии худро бо умури номатлуб ва дар дискоклубу мавзеъҳои ғайриахлоқӣ пушти сар мекунанд, саргармию шуғле муносиб барои худ пайдо хоҳанд кард.
Масҷид ба ҷои клуб ва театр
Дар ҳамин ҳол, професор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар замони ҳукумати шӯравӣ функсияи муттаҳидсозии ҷавононро клубҳои фарҳангӣ, маҳфилу театру кинотеатрҳои фаровон, ки дар ҳар як деҳкада мавҷуд буд, ба иҷро мерасонд, аммо:
«Имрӯз дар аксарияти деҳот ва марказҳои мадании ноҳияҳо ва атрофҳои Тоҷикистон ба ғайр аз масҷид, тақрибан муассисаҳои дигари муттаҳидкунанда мавҷуд нест. На қасри маданият, на кинотеатр, на клубе, ки як ҷо ҷамъ шаванд, на дар минтақаи ҷануб ва шарқи кишвар ягон чойхонаи дурусти миллие ҳаст, ки чор кас ҳамту бе арақу таъом нишаста, сӯҳбат кунанд. Ин ҳам ба зеҳн ва оянда тасмимгирии ҷавонон таъсир дорад…»
Дар воқеъ, бисёре аз наврасону ҷавонони деҳоти Хатлон тасдиқ мекунанд, ки ба сабаби набуди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳамчунин бинобар мушкили бекорӣ дар миёни ҷавонон, онҳо аксар вақт баъд аз адои намоз дар масҷид монда, соатҳо дар сӯҳбати ҳам менишинанд. Ва аммо, ба гумони ғолиб, ҳамин машғулияти онҳо ҳам зери контрол гирифта шуда, равуои онҳо ба масҷид маҳдуд карда хоҳад шуд.
Ба масҷид бо волидайн
Зеро дар ин авохир дар вилояти Хатлон барои рафтани наврасону ҷавонони синни мактабӣ ба масҷид монеа эҷод мекунанд. Мақомоти расмии ҳукумати Хатлон ҳам аз имом-хатибони масоҷиди минтақа тақозо кардаанд, ки аз вуруди ноболиғон ба масҷид ҷилавгирӣ кунанд. Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон, дар шарҳи ин тасмими мақомот гуфт:
«Кӯдакон бояд аввал мактаби таҳсилоти ҳамагониро хонанд, ки «Талабул илми фаризатун ало кулли муслимин (ва муслиматин), яъне «талаби илм фарз аст бар марди мусалмон ва зани мусалмон!» гуфтаанд. Масҷид зарур нест. Фардо, ки ба камолот расиданд, баъд масҷид рафтан мегиранд. Баъд аз дарсҳояшон биёянд, нури дида, аммо мувофиқи қонуни давлатии мо, бояд ҳатман ҳамроҳи падар ё бародари бузургашон. Танҳо нараванд, ки «Аш-шабобу мин ал-ҷунуни» гуфтаанд, яъне «ҷавонӣ нишонае аз девонагист». Агар танҳо бошад, яке ягон ҷоро медуздаду меравад, мабодо мошин мезанад, ягон ҷиноят карда мемонад. Барои ҳамин онҳо бояд ҳатман бо падаронашон бираванд ба масоҷид…»
«Ҷуз масҷидравӣ дигар коре надорам»
Ин ҳам дар ҳолест, ки Сӯҳроби Сафариён, сокини ҷавони рустое аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ҷавонони деҳотӣ ҷуз рафтан ба масҷид, шуғли дигаре надоранд, ки вақти холии худро бо он сипарӣ кунад. Вай меафзояд, ба сабаби тангдастии молӣ ҷавонон наметавонанд ба худ иҷоза бидиҳанд, ки вақти холии худро дар шаҳр, дар тарабхонаву толорҳои варзишии пулакӣ сарф бикунанд:
«Агар ки ин ҳама воқеан ҳам нигарон карда бошад амалдорон ва ҳукуматро, аз оне ки бо роҳҳои иҷборӣ ҷавонону наврасонро аз гароиши зиёд ба таҳсилоти динӣ ва рафтан ба масҷидҳо манъ кунанд. Бояд пештар аз ҳама маҳфилу клубҳои фарҳангиро дар минтақаҳо, деҳаҳо фаъол мекарданд, варзишгоҳҳои хурд месохтанд, кинотеатрҳо ва консертҳои арзону дастрас ташкил мешуданд, то ин ки ҷавонон мавзеи дигаре ҳам ба ғайри масҷид медоштанд барои тафреҳ ва ҷамъомадҳои худ…»
Бо ин ҳама, масъулини раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилояти Хатлон мегӯянд, барои саргармии ҷавонон дар марказҳои шаҳру навоҳии минтақа шароити лозим фароҳам шудааст ва шумораи қобили мулоҳизаи ҷавонон аз чунин марокиз истифода мекунанд. Фирӯза Шарифова, сардори раёсати мазкур, мегӯяд, аммо намешавад ҷавононро иҷборан ба чунин марокиз кашид, чун онҳо дар интихоби тарзи вақтгузаронӣ озод мебошанд:
«Толорҳои варзишӣ, марказҳои омӯзишӣ, ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии ҷавонон, марказҳои фарҳангии ҷавонон, студияи сабти овоз барои ҷавонон, маҳфилҳои омӯзишӣ, аз ҷумла компутаромӯзӣ, дӯзандагӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, маҳфили омӯзиши рақс дар сабки рэп. Ин ҳама дар Қӯрғонтеппа мавҷуд аст. Камаш 6 толори муосири варзишӣ ҳам ҳаст дар шаҳр, он ҷо даҳҳо ва садҳо ҷавонон ҳамарӯза машғул ба тарбияи ҷисмонӣ ҳастанд. Бар замми ин тарабхонаҳои сершуморе ҳам ҳар шом дар хизмати ҷавонон аст, тамоми шароитҳоро имрӯз ҳукумат ва соҳибкорон барои истироҳату фароғати ҷавонон муҳайё кардаанд, вале озодии виҷдон ва эътиқод ҳам аз ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар ҷавон ҳаст, онҳо ҳуқуқ доранд ба масҷид бираванд, ягон кас монеъи татбиқи ҳамин ҳуқуқи ҷавонон дар Хатлон нашудааст…»
Вале, тавре зикр шуд, ин ҳама муассисаҳо бештар дар марказҳои шаҳру навоҳӣ қарор дошта, на ҳама ҷавонону наврасон ба он дастрасӣ доранд. Ва масҷид ҳамоно аз ягона мавзеъи гирдиҳамоии бахши аъзами ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон боқӣ мемонад.
Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чанд мулоқоти ахираш бо мардум пайваста таъкид кард, ки бояд ҳушу зеҳни ҷавонон аз нуфузи тундгароии динӣ маҳфуз монад, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, афзоиши алоқамандии наврасону ҷавонон ба масҷид ва таҳсилоти динӣ дар солҳои ахир боиси нигаронии мақомот ва нашри паёмҳои раисиҷумҳур шудааст.
Ба иддаои соҳибназарон, дар бисёре аз рустоҳо ва ҷамоатҳои Хатлон наврасону ҷавонон барои худ мавзеъи фарҳангию тафреҳӣ ё варзишие надоранд, ки гирди ҳам оянд ва онҳо ҷуз масҷид ва мавъизаҳои уламои дин, аз манобеъи дигари дарёфти ғизои маънавӣ маҳруманд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, ҷавонон аз гуруснагии маънавӣ рӯ ба масҷид меоранд
Нуфузи дин дар холигоҳи маънавӣ Ҷомеашинос Ҷамолиддин Сайфиддинов мегӯяд, табиати инсон чунин аст, ки ҳамеша дар талоши рафъи, ба истилоҳ, гуруснагии маънавии худ мебошад:
«Имрӯз азбаски кори нуктаҳои фарҳангӣ заифанд, бештараш хусусӣ шуда, хосияти тиҷоратӣ доранд, на ҳамаи ҷавонон имкон доранд, ки ба ин толорҳо ворид шуда, вақти худро гузаронанд, бо ҳам ҷамъ оянд. Ва ҳамин чиз ба он оварда расонидааст, ки як қисмати ҷавонону наврасон рӯ ба оворагардӣ ё бекорӣ, гурӯҳе ҷавонони шаҳрӣ ба дискоклубҳо ва ба ҷойҳои арзонтаранд, меоранд. Ва он ҷавононе, ки имрӯз ба масҷидҳо мераванд, ба хотири маънавиёти худро бой кардан мераванд. Ин ҳама аз холигоҳи фарҳангию маънавист. Дигар куҷо ҳам раванд?!»
Ҷаноби Сайфиддинов афзуд, агар ҳам мақомоти ҳукумат мавзеъҳои ғайридинии фарҳангиро барои ҷавонон фаъол бикунанд, ба ҷалби ҷавононе, ки рӯ ба масҷиду намоз овардаанд, дигар чандон муваффақ нахоҳанд шуд. Аммо қисмати ҷавонони дигаре, ки вақти холии худро бо умури номатлуб ва дар дискоклубу мавзеъҳои ғайриахлоқӣ пушти сар мекунанд, саргармию шуғле муносиб барои худ пайдо хоҳанд кард.
Масҷид ба ҷои клуб ва театр
Дар ҳамин ҳол, професор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар замони ҳукумати шӯравӣ функсияи муттаҳидсозии ҷавононро клубҳои фарҳангӣ, маҳфилу театру кинотеатрҳои фаровон, ки дар ҳар як деҳкада мавҷуд буд, ба иҷро мерасонд, аммо:
«Имрӯз дар аксарияти деҳот ва марказҳои мадании ноҳияҳо ва атрофҳои Тоҷикистон ба ғайр аз масҷид, тақрибан муассисаҳои дигари муттаҳидкунанда мавҷуд нест. На қасри маданият, на кинотеатр, на клубе, ки як ҷо ҷамъ шаванд, на дар минтақаи ҷануб ва шарқи кишвар ягон чойхонаи дурусти миллие ҳаст, ки чор кас ҳамту бе арақу таъом нишаста, сӯҳбат кунанд. Ин ҳам ба зеҳн ва оянда тасмимгирии ҷавонон таъсир дорад…»
Дар воқеъ, бисёре аз наврасону ҷавонони деҳоти Хатлон тасдиқ мекунанд, ки ба сабаби набуди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳамчунин бинобар мушкили бекорӣ дар миёни ҷавонон, онҳо аксар вақт баъд аз адои намоз дар масҷид монда, соатҳо дар сӯҳбати ҳам менишинанд. Ва аммо, ба гумони ғолиб, ҳамин машғулияти онҳо ҳам зери контрол гирифта шуда, равуои онҳо ба масҷид маҳдуд карда хоҳад шуд.
Ба масҷид бо волидайн
Зеро дар ин авохир дар вилояти Хатлон барои рафтани наврасону ҷавонони синни мактабӣ ба масҷид монеа эҷод мекунанд. Мақомоти расмии ҳукумати Хатлон ҳам аз имом-хатибони масоҷиди минтақа тақозо кардаанд, ки аз вуруди ноболиғон ба масҷид ҷилавгирӣ кунанд. Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон, дар шарҳи ин тасмими мақомот гуфт:
«Кӯдакон бояд аввал мактаби таҳсилоти ҳамагониро хонанд, ки «Талабул илми фаризатун ало кулли муслимин (ва муслиматин), яъне «талаби илм фарз аст бар марди мусалмон ва зани мусалмон!» гуфтаанд. Масҷид зарур нест. Фардо, ки ба камолот расиданд, баъд масҷид рафтан мегиранд. Баъд аз дарсҳояшон биёянд, нури дида, аммо мувофиқи қонуни давлатии мо, бояд ҳатман ҳамроҳи падар ё бародари бузургашон. Танҳо нараванд, ки «Аш-шабобу мин ал-ҷунуни» гуфтаанд, яъне «ҷавонӣ нишонае аз девонагист». Агар танҳо бошад, яке ягон ҷоро медуздаду меравад, мабодо мошин мезанад, ягон ҷиноят карда мемонад. Барои ҳамин онҳо бояд ҳатман бо падаронашон бираванд ба масоҷид…»
«Ҷуз масҷидравӣ дигар коре надорам»
Ин ҳам дар ҳолест, ки Сӯҳроби Сафариён, сокини ҷавони рустое аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ҷавонони деҳотӣ ҷуз рафтан ба масҷид, шуғли дигаре надоранд, ки вақти холии худро бо он сипарӣ кунад. Вай меафзояд, ба сабаби тангдастии молӣ ҷавонон наметавонанд ба худ иҷоза бидиҳанд, ки вақти холии худро дар шаҳр, дар тарабхонаву толорҳои варзишии пулакӣ сарф бикунанд:
«Агар ки ин ҳама воқеан ҳам нигарон карда бошад амалдорон ва ҳукуматро, аз оне ки бо роҳҳои иҷборӣ ҷавонону наврасонро аз гароиши зиёд ба таҳсилоти динӣ ва рафтан ба масҷидҳо манъ кунанд. Бояд пештар аз ҳама маҳфилу клубҳои фарҳангиро дар минтақаҳо, деҳаҳо фаъол мекарданд, варзишгоҳҳои хурд месохтанд, кинотеатрҳо ва консертҳои арзону дастрас ташкил мешуданд, то ин ки ҷавонон мавзеи дигаре ҳам ба ғайри масҷид медоштанд барои тафреҳ ва ҷамъомадҳои худ…»
Фирӯза Шарифова, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии Хатлон, мегӯяд, дар ин вилоят марказҳои зиёди тафреҳӣ фаъоланд, вале ҷавонон ба ин марказҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд
Толорҳои варзишии холӣБо ин ҳама, масъулини раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилояти Хатлон мегӯянд, барои саргармии ҷавонон дар марказҳои шаҳру навоҳии минтақа шароити лозим фароҳам шудааст ва шумораи қобили мулоҳизаи ҷавонон аз чунин марокиз истифода мекунанд. Фирӯза Шарифова, сардори раёсати мазкур, мегӯяд, аммо намешавад ҷавононро иҷборан ба чунин марокиз кашид, чун онҳо дар интихоби тарзи вақтгузаронӣ озод мебошанд: