Саркозӣ хостори имзои ҳарчӣ зудтари созиши нав шуд

Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, баъд аз музокирот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Берлин аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват намуд, ки то 1 март созиши нав оид ба маҳдудсозии қарзи дохилии баъзе кишварҳои узвро имзо кунанд.

Ин санад имкон медиҳад, ки ниҳодҳои Иттиҳодияи Аврупо афзоиши қарзи кишварҳои алоҳидаро маҳдуд созанд. Хонум Ангела Меркел гуфт, ки ӯ ба имзои ин санад хушбин аст ва “эҳтимолан моҳи январ ё аз ҳама дертар моҳи март санадҳо дар бораи маҳдудсозии қарзи дохилӣ имзо мешаванд”

Раҳбарони Фаронса ва Олмон ҳамчунин имкони ҷорӣ намудани андоз барои трансаксияҳои молиявиро баррасӣ намуданд. Олмону Фаронса мехоҳанд, ки ин андозро дар ҳама кишварҳои узви Иттиҳодия ҷорӣ кунанд ва аммо Бритониё аллакай эълом дошт, ки ба он вето мегузорад.